Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
ДУШАБЕ, 03.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул карда шуд. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъулини соҳа дастур доданд, ки «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026 – 2030» таҳия ва амалӣ гардад.
Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки бо назардошти нақши соҳаи пахтакорӣ дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, истеҳсоли ашёи хом барои рушди саноати сабуку хӯрокворӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот механизми таъмин намудани рушди устувори соҳаи пахтакориро амалӣ намоянд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» бо назардошти нақши пахтакорӣ дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, истеҳсоли ашёи хом барои рушди саноати сабуки хӯрокворӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот ва амалӣ намудани механизми таъмини рушди устувори соҳаи пахтакорӣ таҳия карда шудааст. Инчунин барнома ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи пахтакорӣ, ба роҳ мондани парвариши навъҳои пахтаи ватанию хориҷӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадрии соҳа равона гардидааст.
Соҳаи кишоварзӣ зери таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дастгирии навбатӣ барои рушди соҳа ва кишоварзон равона карда шудааст.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар даҳсолаи охир саҳми кишоварзӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоиз афзоиш намуда, рушди он дар соли 2025 ба 8,5 фоиз расида, сатҳи ҳифзи фаъолияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то ба 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардида, фаровонии бозори истеъмолӣ ва талаботи корхонаҳои саноатӣ бо ашё таъмин карда шуд.
Новобаста аз пешравиҳо дар соҳаи кишоварзӣ, ҳанӯз ҳам имкониятҳои истифоданашуда оид ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд буда, дар ҳолати амалӣ намудани технологияҳои инноватсионии кишту парвариши зироат ва рақамикунонии истеҳсолот рушди минбаъдаи соҳаҳои кишоварзиро таъмин карда мешавад. Аз ҷумла, соҳаи пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар таъмини шуғли аҳолии деҳот, рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат нақши муҳим дорад. Пахтакорӣ қариб 20 фоизи аҳолии қобили меҳнатро дар мамлакат бо ҷойи кор таъмин намуда, манбаи муҳими ашёи хоми саноати бофандагӣ ба ҳисоб меравад.
Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи соҳаи пахтакорӣ равона гардида, амалӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, истифодаи техника ва мошинолотҳои муосири кишоварзӣ дар кишт, парвариш ва ҷамъоварии пахта бо механикунонии равандҳои истеҳсолӣ равона гардидааст. Инчунин бо амалӣ гардидани ин барнома ба масъалаи истифодаи технологияи муҳандисии генӣ ва таҳрири генноми барои офаридани навъҳои пахта, ба роҳ мондани парвариши навъҳои пахтаи ватанию хориҷии ба тағйирёбии иқлим мутобиқшуда, таҳкими ҳамкории илм бо истеҳсолкунандагон ва татбиқи натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар истеҳсолот ва баланд бардоштани иқтидори кадрии соҳа таваҷҷуҳ равона мегардад.
Пахтакорӣ бахши сердаромади соҳаи кишоварзии мамлакат буда, рушди он барои таъмини соҳаи саноат бо ашёи хом, бо ҷойи кор таъмин намудани мардум ва тақвияти иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим дорад.
Ба таҳлили коршиносон, кишоварзони мо таҷрибаи хуби пахтапарварӣ доранд ва метавонанд, ки ҳосили баланди онро таъмин намоянд, агар аз он даромади хуб гиранд.
Пахта маҳсулоти даромаднок аст. Агар кишоварзон маҳсулоти дигар парвариш намоянд, бояд онро коркард карда, зуд ба фурӯш бароранд, зеро он вайроншаванда аст. Нахи пахтаро деҳқон метавонад захира намояд ва дар ҳолати зарурӣ ба фурӯш барорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии зиддикоррупсионӣ иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон аввалин маҷмааи муосири истеҳсоли шиша бунёд мегардад
Дар ноҳияи Сино низоми «Пардохти ягонаи коммуналӣ» дар марҳилаи пилотӣ ҷорӣ мегардад
Тоҷикистон бо чанд давлати ҷаҳон муносибати савдои хориҷӣ дорад?
Дар Душанбе Форуми рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF барои Тоҷикистон 2 лоиҳаи нави муҳим ба маблағи 190 миллион доллар тасдиқ гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад
Дар Душанбе ҷараёни корҳои пешакии лоиҳаи сохтмони метро дар пойтахт муҳокима гардид
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамкориро бо Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш медиҳад
Дар Тоҷикистон Маркази ҳамоҳангсозии амнияти киберӣ барои бахши энергетика ва Низоми миллии иттилоотии бахши энергетикаи Тоҷикистон таъсис дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги гелос барои бемориҳои сулфа, диққи нафас ва ҷароҳати гӯш фоидаовар аст
Дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи саноат баррасӣ гардид






