Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2027–2031» амалӣ мешавад

Июль 1, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2031, ки рушди китобхонаҳои деҳот, ташаккули низоми такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва тайёр намудани мутахассисон, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти китобхонаҳо ба талаботи муосирро фаро мегирад, 30 июн дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Ҳадафи Барнома аз таъмини китобхонаҳои деҳот бо таҷҳизоти компютерӣ, пайвастшавии онҳо ба шабакаи интернет, ташкили махзанҳои электронии китобҳо ва баланд бардоштани саводнокии кормандони китобхонаҳо ва ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба китобхонӣ иборат мебошад.

Дар доираи татбиқи барнома муҷаҳҳаз намудани китобхонаҳои деҳот бо техника ва таҷҳизоти муосир, таъмин намудани онҳо бо компютер, пайвастшавӣ ба шабакаи интернет, ташкили махзанҳои электронии китобҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ пешбинӣ шудааст.

Барнома барои беҳтар намудани дастрасии аҳолии деҳот ба китобу иттилоот, рушди фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва ҷалби бештари аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон, ба мутолиаи китоб мусоидат хоҳад кард.

Рушди китобхонаҳои деҳот яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва татбиқи сиёсати фарҳангию маърифатии давлат ба шумор меравад.

Зимни баррасии лоиҳаи «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2031» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор барои татбиқи босамари барнома ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии китобхонаҳо ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

АКС аз бойгонӣ

Июль 1, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд