Дар Тоҷикистон беш аз 187 муассисаи шакли нав фаъолият мекунад

Июль 31, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 31.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои омода намудани мутахассисони баландихтисос дар мамлакат ба сифати таълим, рушди инфрасохтори маориф, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, таҷдиди мактабҳои мавҷуда ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо технологияҳои муосир бештар аҳамият дода мешавад. Дар айни замон дар мамлакат чанд муассисаи типи нав (литсей ва гимназия) фаъолият мекунанд?

Дар посух ба ин савол муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон дар айни замон беш аз 187 муассисаи типи нав (литсей ва гимназия) фаъолият мекунад.

«Дар ин муассисаҳо дарсҳо тибқи барномаи ягонаи давлатӣ гузаронида шуда, дарсҳои иловагӣ низ ба роҳ монда шудаанд. Инчунин ин муассисаҳо ба равияҳо ҷудо мешаванд»,- афзуд муовини вазир.

Муассисаҳои типи нав (гимназияҳо ва литсейҳо) дар низоми маорифи Тоҷикистон мактабҳои дорои мақоми махсус мебошанд, ки ба таълими амиқ ва рушди лаёқати хонандагон нигаронида шудаанд. Муассисаҳои типи нав — ин ташкилоти таълимӣ ва тарбиявӣ мебошанд, ки бо истифода аз усулҳои муосири дарсгӯӣ, технологияҳои нав ва барномаҳои пешрафтаи таълимӣ фаъолият мекунанд. Мақсади асосии онҳо инкишофи ҳамаҷонибаи лаёқати кӯдакон ва омода кардани онҳо ба талаботи замони муосир мебошад.

Иброз гардид, ки литсейҳо ба омӯзиши фанҳои дақиқ (математика, физика, химия), технология ва гимназияҳо ба омӯзиши фанҳои гуманитарӣ (забонҳо, таърих, адабиёт) нигаронида шудаанд. Ҳамчунин дар ин муассисаҳо соати машғулият нисбатан бештар мебошад. Агар дар мактаб хонандагон то нисфирӯзӣ таълим гиранд, дар мактаби хусусӣ омӯзгорон то бегоҳ ба фарзандонамон таълиму тарбия медиҳанд.

Бояд гуфт, ки мактабҳои давлатӣ ройгонанд ва муассисаҳои хусусӣ пурра пулакӣ буда, ҳаққи хониш барои як сол пешакӣ ё ҳар моҳ пардохт карда мешавад.

Дар раванди сиёсати давлатӣ маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст. Бо ҳамин назардошт илму маориф ва тарбияи насли босаводу худшинос дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 5 мактаби типи нав вуҷуд дошт. Имрӯз шумораи онҳо ба беш аз 187 адад расидааст.

Бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав бо назардошти шароити муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ самараи неки даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, имкон медиҳанд, ки хонандагон илмҳои пешрафта ва технологияи навинро азхуд намоянд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 31, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид