Дар Тоҷикистон беш аз 46 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт карда шудааст

Июль 1, 2026 09:37

ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон то нимаи моҳи июни соли 2026 дар 46 ҳазору 798  гектар ҷуворимакка барои дон кишт карда шудааст. Ҷуворимакка зироати пурқимати ғизоӣ барои инсон ва чорво мебошад. Аз дон, поя ва сӯтаи он зиёда аз 150 маҳсулоти гуногун тайёр мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ин навъи зироати кишоварзӣ дар байни ғалладонагиҳо ҳамчун зироати серҳосил ва хӯроки серғизои соҳаи чорводорӣ парвариш меёбад.

Ба тавсияи мутахассисон,  аз рӯи ғизонокӣ 1 килограмм дони ҷуворимакка ба 1,3 воҳиди хӯрока баробар аст. Дар таркиби дон 9‐12 фоиз сафеда, 45 фоиз равған, миқдори зиёди қанд ва як миқдори кам клетчатка мавҷуд аст. Танаи ҷуворимакка барои тайёр намудани силос истифода мешавад. Аз рӯи ғизонокӣ 1 килограмм силос дорои 0,25‐0,32 воҳиди хӯрокӣ ва 13‐18 грамм протеини ҳазмшаванда мебошад. Баъди ғунучини сӯтаҳо қисмҳои боқимондаи он (тана, барг) ҳамчун хӯроки дурушт барои чорво истифода бурда мешавад.

Барои гирифтани ҳосили баланд бояд ба технологияи парвариши он, аз қабили муборизаи кимиёвӣ, коргарди байни қаторҳо, ғизодиҳӣ ва обмонӣ сари вақт амалӣ гардад. Баъд аз 8‐10 рӯзи сабзида баромадани ниҳолҳои ҷуворимакка нармкуни байни қаторҳоро гузаронидан лозим аст. Инчунин  байни ниҳолҳо бояд 25‐30 сантиметр масофа гузошта шавад. Зичии муътадили ниҳолҳои ҷуворимакка барои дон дар як гектар 5560 ҳазор ниҳолро дар бар мегирад. Имрӯзҳо кишоварзон барои гирифтани ҳосили баланд ба заминҳои киштнамудаашон бештар ғизо медиҳанд. Вобаста ба имкониятҳои иқтисодӣ дар давраи нашъунамои ниҳолҳо ду маротиба нуриҳои маъданӣ додан зарур аст, то ҳосили баланд ба даст оварда шавад.

Барои инсонҳо истеъмоли дони ҷуворимакка иммунитетро баланд, рӯдаҳоро тоза, миқдори холестеринро паст намуда, бемории дилро пешгирӣ мекунад. Ҷуворимакка фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар намуда, бо вазни зиёдатӣ мубориза мебарад. Инчунин барои одамони гирифтори диабети қанд бехатар аст.

Ба гуфтаи ғизошинос, 100 грамм донаи ҷуворимакка барои бунияи инсон аз 300 то 393 килокалория неру ҳосил менамояд. Дар ин раванд истифодаи донаҳои ҷуворимакка барои бунияи инсон фоидаи калон дорад. Дар таркиби донаҳои ҷуворимакка витаминҳои гурӯҳи В ҳастанд, ки онҳо ҳам барои баланд бардоштани руҳияи инсон, ҳам барои мустаҳкам намудани масунияти бадан ва ҳам дар мубодилаи дохили бунияи инсон иштирок менамоянд.

Дар тиб барои табобати беморон,  асосан пӯпаки ҷувориро васеъ истифода мебаранд. Онро ҳамчун талхарон, пешоброн, барои хориҷ намудани намакҳо аз бунияи инсон, ҳангоми бемориҳои талхадон, аз ҷумла холистестит, холангит, дискенизия ва тангшавии рагҳои талхагузар истифода мебаранд. Он маҷмуи кислотаҳои талхагиро зиёд месозад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 1, 2026 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд