Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд

Июль 16, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 87 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 59 майдончаи варзишӣ, 24 толори варзишӣ, 2 маҷмааи варзишию маркази солимгардонӣ ва 2 варзишгоҳ сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин хусус 15 июл зимни нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.

Гуфта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Қубодиён, Ёвон, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муъминобод, Восеъ, Хуросон, Кӯлоб, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Ҳамадонӣ, Фархор ва Данғараи вилояти Хатлон 24 иншооти варзишӣ, аз ин 20 майдончаи варзишӣ ва 4 толори варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Истиқлол, Гулистон, Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Ашт, Деваштич, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳи вилояти Суғд 42 иншооти варзишӣ, аз ин 28 майдончаи варзишӣ, 11 толори варзишӣ, 2 маҷмааи варзишию маркази солимгардонӣ ва 1 варзишгоҳ бунёд карда шуд.

Дар ноҳияҳои Ванҷ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4 иншооти варзишӣ, аз ин 2 майдончаи варзишӣ ва 2 толори варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳринав, Варзоб, Нуробод ва Рашти ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14 иншооти варзишӣ, аз ин 6 майдончаи варзишӣ, 7 толори варзишӣ ва 1 варзишгоҳ ба истифода дода шуд.

Дар шаҳри Душанбе 3 иншооти варзишӣ, аз ин 3 майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст.

Бояд гуфт, ки варзиш дар ҳама давру замон беҳтарин василаи муаррифи давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, маҳз тавассути машғул гардидан ба он ва оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ наслҳои солиму тавонманд ба камол расида, дар пешрафти ҷомеа нақши арзишманд мегузоранд.

Бо мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд.

Дар иртибот ба ин роҳбарияти олии мамлакат оид ба бунёди майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои муассиру созандаро вусъат бахшида, оммавигардонии варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди варзишро давра ба давра амалӣ менамоянд.

Ҳоло бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ созандагию бунёдкорӣ идома доранд, ки дар доираи он бунёди иншооти варзишӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати 1 январи соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ 11 ҳазору 280 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин 129 варзишгоҳ, 7 ҳазору 861 майдончаи варзишӣ, 2 ҳазору 321 толори варзишӣ, 107 ҳавзи шиноварӣ, 91 маҷмааи варзишӣ ва марказҳои солимгардонӣ, 771 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес, билярд, каток, тенниси рӯи миз ва клубҳои ихтиёрӣ мавҷуд мебошанд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 16, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд