Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ дар муқоиса ба соли гузашта 5 фоиз зиёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ истеҳсоли моҳӣ ба 2002 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз зиёд мебошад, иттилоъ дода шуд имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иттилоъ дода шуд, ки барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 1300 адад кӯлҳои табиӣ, 8 адад обанборҳо ва 432 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо масоҳати умумии 45879 гектар, ки аз он 42931 гектар обанборҳо ва 2948 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ мавҷуд буда, барои истеҳсоли моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ истифода бурда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳу дастгириҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушди моҳипарварӣ, ки соҳаи камхарҷу сердаромад мебошад, зиёд аст.
Бо мақсади пешрафти минбаъдаи соҳа ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ, аз нимсолаи дуюми соли 2019 моҳипарварон аз пардохти 6 намуди андоз, аз ҷумла андоз аз воридоти технологияву таҷҳизот ва хӯрока, озод шуданд.
Инчунин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2023 «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардид, ки тибқи он, ин соҳаҳо бештар рушд хоҳанд ёфт.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






