Дар Тоҷикистон Маркази ҳамоҳангсозии амнияти киберӣ барои бахши энергетика ва Низоми миллии иттилоотии бахши энергетикаи Тоҷикистон таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон Маркази ҳамоҳангсозии амнияти киберӣ барои бахши энергетика ва Низоми миллии иттилоотии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин масъалаҳо дар ҳамоиш таҳти унвони «Низоми миллии иттилоотии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: идоракунии соҳа дар асоси маълумот ва масъалаҳои бунёди Маркази ҳамоҳангсозии амнияти киберӣ барои бахши энергетика», ки дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва масъулини вазорат, корхонаҳои энергетикии мамлакат, коршиносони байналмилалӣ ва мутахассисони соҳа дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Гуфта шуд, ки татбиқи Низоми миллии иттилоотӣ ва таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии амнияти киберӣ ба баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии идоракунии соҳа, тақвияти ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва таҳкими устувории низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иброз намуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, истифодаи самараноки маълумот ва рақамикунонии низоми идоракунии энергетика аз омилҳои муҳими таъмини рушди устувори соҳа, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва таҳкими амнияти энергетикии мамлакат ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки дар раванди ислоҳоти соҳаи энергетика таъсис додани Низоми миллии иттилоотӣ ҳамчун платформаи ягонаи ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва мубодилаи маълумоти соҳавӣ зарурати воқеӣ дошта, барои рақамикунонии равандҳои идоракунӣ, тақвияти шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои энергетикии ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Инчунин дар ҳамоиш дар мавзуи «Нақши Низоми миллии иттилоотии бахши энергетикӣ дар рушди соҳа. Ҳадафҳо ва натиҷаҳои интизории низом барои вазорат ва корхонаҳои соҳа» маъруза пешниҳод гардида, аҳамияти ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ, мутамарказсозии маълумот ва истифодаи онҳо барои қабули қарорҳои асоснок ва самараноки идоракуниро тавзеҳ дода шуд.
Сипас, Консепсияи «Низоми миллии иттилоотии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Харитаи роҳ оид ба таъсиси «Низоми миллии иттилоотии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2027» ва таъсиси «Маркази ҳамоҳангсозии амнияти киберӣ барои бахши энергетика» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд






