Дар Тоҷикистон шумораи муассисаҳои томактабӣ бештар гардидааст

Июль 12, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 12.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026  теъдоди муассисаҳои томактабӣ 831 адад ва шумораи кӯдакони фарогирифта 134 263 нафарро ташкил дод. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 74 муассиса ва 15 871 кӯдак зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бо мақсади фарогирии бештар ва дастрасии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3158 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 183 710 кӯдак таъсис дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025  227 марказ ва 50 349 кӯдак зиёд мебошад.

Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ бо назардошти марказ (гурӯҳ)-ҳои инкишофи барвақтии кӯдак 317 973 нафар ё 30,8 дарсадро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 таносубан 66 220 кӯдак ва 7,1 фоиз зиёд мебошад. Дар марказ (гурӯҳ)-ҳои инкишофи барвақтии кӯдак 5732 омӯзгор фаъолият менамоянд.

29 апрели соли 2026 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дода шуд, ки фарогирии кӯдаконро ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ ва бахши хусусӣ зиёд намоянд.

Таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба таҳсилоти томактабӣ аз он дарак медиҳад, ки назорат ва расонидани ёрии методӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ беҳтар гардидааст.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои мазкур тадриҷан меафзояд. Аз ҷумла, дар мамлакат барои рушди таҳсилоти томактабӣ «Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амал мекунад. То охири татбиқи барнома 800 муассисаи нави ин соҳа бунёд ёфта, фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола бо таҳсилоти томактабӣ дар мамлакат бояд ба зиёда аз 50 фоиз расонида шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 12, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид