Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст
ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзоиш ёфта, ҳоло 108,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин рақам 27,8 фоизи шумораи умумии субъектҳои хоҷагидорро ташкил медиҳад. Дар ин хусус Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода 28 июл дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки бештари соҳибкорзанон дар соҳаҳои истеҳсолот, саноати сабук, кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва соҳибкории хурду миёна фаъолият намуда, дар рушду пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми назаррас мегузоранд. Дар ин давра аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявии мамлакат ба занони соҳибкор 3 миллиарду 727,8 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 779,3 миллион сомонӣ ё 26,4 фоиз зиёд аст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






