Дар Тоҷикистон сохтмони беш аз 300 иншооти маориф ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар Тоҷикистон сохтмони 372 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои беш аз 85 ҳазор ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ итттилоъ дод.
Иброз гардид, ки муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Дар назар дошта шудааст, ки то охири соли 2026 қисми зиёди иншооти маориф мавриди истифода қарор дода шаванд.
«Дар шаш моҳи соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 28 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муасисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 4488 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуд»,-афзуд вазир.
Сохтмони иншооти маориф дар Тоҷикистон, аз ҷумла мактабҳо, боғчаҳо ва биноҳои таълимӣ аз ҳисоби буҷети давлат ва сарпарастони гуногун амалӣ мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 иброз доштанд, ки «ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, давоми беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад».
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии ҷумҳурӣ мавқеи меҳварӣ дошта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи хоссаи давлату Ҳукумат қарор дорад. Дар радифи қонунҳои соҳавӣ, барномаву консепсияҳои миллии ҳукуматӣ ва давлатии муайянкунандаи фаъолият ва дурнамои соҳаи маориф паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва стратегӣ дар рушди соҳаи илму маориф аҳамияти хосса доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






