Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
ДУШАНБЕ, 31.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ яке аз ҳадафҳои сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Бо ин мақсад тадбиру барномаҳои гуногун андешида мешаванд. Яке аз ин ҳадафҳо амалӣ гардидани низоми кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар мамлакат мебошад. Соли 2026 чӣ миқдор оилаҳо аз кумакпулии унвонии иҷтимоӣ баҳраманд мегарданд ва ҳаҷми маблағи он чӣ қадар аст?
Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз намуд, ки тибқи нақша, соли 2026 212 088 хонаводаи камбизоат бо кумакпулии унвонии иҷтимоӣ фаро гирифта мешавад.
«Барои татбиқи механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат дар соли 2026 299,6 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2025 26,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад», — афзуд Саломуддин Юсуфӣ.
Бояд гуфт, ки дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманд тавассути расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ба сатҳи пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти давлат ҳамеша аз рӯйи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, алалхусус пиронсолон, маъюбон ва кӯдакони ятиму бепарастор баҳо дода мешавад. Дар ҷумҳурии мо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» аз 24 феврали соли 2017 ва қарорҳои дахлдори вобаста ба он ба оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки тибқи арзёбии вазъи моддию маишӣ ва некӯаҳволии онҳо мақоми камбизоатӣ гирифтаанд, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъйин ва пардохт карда мешавад.
Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат аз расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба қишри осебпазири мамлакат- ин мусоидат намудан ба коҳиши вазъияти душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷ пасттар мебошад, ҳамзамон муҳайё намудани шароите, ки ба ин қишри ҷомеа имконияти баланд бардоштани сатҳи зиндагиашонро фароҳам меорад, ба шумор меравад.
Муовини директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрафтор Абдурасулова иброз намуд, ки андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат барои дувоздаҳ моҳ ба андозаи 11 (ёздаҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва иловатан ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як кӯдаки то 16-сола, ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як оилаи камбизоат, ки дар ҳайати худ ду ва зиёда шахси маъюб дорад ва ду нишондиҳандаро барои ҳисобҳо барои пиронсолони аз 80-сола болои аъзои оилаи камбизоат, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, ташкил медиҳад.
«Барои дувоздаҳ моҳ дар соли 2026 миқдори он 11 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда баробар ба 78 сомонӣ)- 868 сомониро дар бар мегирад»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Таъкид гардид, ки ба оилаҳое, ки аз ин кумак бархӯрдоранд ва дар оилаи худ кӯдаки то 16-сола ё шахси маъюб ва пиронсолони аз 80-сола боло доранд, иловатан ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт мегардад. Яъне ба сари ҳар як кӯдак, маъюб ва пиронсол ду нишондиҳанда, яъне 156 сомонӣ ҳисоб карда мешавад ва он давоми сол пардохт карда мешавад. Маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба суратҳисоби аъзои оила мегузарад.
Татбиқи механизми кумакҳои унвонии иҷтимоӣ яке аз самтҳои калидӣ ба шумор меравад. Муҳлати таъйин 12 моҳро ташкил медиҳад. Инчунин дар мамлакат дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» оилаҳои камбизоате, ки дар он ду нафари қобили меҳнат бекор мебошад, аз кумакпулии унвонии иҷтимоӣ шартан низ бархӯрдор мегарданд. Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ шартан танҳо шаш моҳ, яъне ду маротиба пардохт мегардад.
Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дастгирии қишри осебпазири мамлакат соли 2020 69 миллиону 934 ҳазору 475 сомонӣ ба 215 ҳазору 538 оила, соли 2021- 105 миллиону 565 ҳазору 800 сомонӣ ба 187 ҳазору 650 оила, соли 2022- 111 миллиону 236 ҳазору 184 сомонӣ ба 220 ҳазору 484 оила, соли 2023- 93 миллиону 136 ҳазору 565 сомонӣ ба 214 ҳазору 998 оила ва соли 2024 189 миллиону 336 ҳазор сомонӣ ба 195 ҳазору 341 оила кумак расонида шудааст.
Бояд гуфт, ки бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои боло бурдани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони мамлакат тамоми тадбирҳо андешида шуда, сол ба сол шароити иқтисодию иҷтимоии онҳо беҳтар мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли 2025 иброз дошта буданд, ки «сатҳи камбизоатӣ дар 10 соли охир то 19 фоиз коҳиш ёфтааст».
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








АҲАМИЯТИ ГЕОСТРАТЕГИИ ҚАТЪНОМАИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА». Мулоҳизаҳо дар ин маврид
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИ КАСБ. Татбиқи он имкон медиҳад, ки шумораи аҳолии бо ҷойи кор таъминшуда ҳамасола 2-2,2 фоиз афзоиш ёбад
«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
35 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН. Тафаккуру андеша ва пиндошту тасаввури миллии мо аз Истиқлолияти Тоҷикистон сарчашма мегирад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон






