Имсол дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд
ДУШАНБЕ, 26.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон имсол беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 4056 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 2 миллиону 462 ҳазору 700 хонанда мебошанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис гардидани хонандагони синфи якум аз 1 август оғоз мешавад. Имсол дар Тоҷикистон кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2019 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Агар кӯдак то 31 декабри соли 2019 таваллуд шуда бошад, ӯ метавонад ба синфи якум қабул гардад. Дар ҳолати 1 январи соли 2020 ё баъд аз он таваллуд шудан қабул ба синфи якум танҳо дар соли таҳсили оянда имконпазир хоҳад буд.
Дар айни замон дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат омодагӣ ба соли нави хониш дар сатҳи баланд идома дорад.
Тибқи Низомномаи намунавии Вазорати маориф ва илми мамлакат, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин: варақаи шахсии хонанда, ду дона расми се ба чор, аризаи волидайн оид ба қабул, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати тиббӣ, ду нусхагӣ шиносномаи волидайн, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷой зист талаб карда мешавад.
Равоншиносон ба падару модарон ва омӯзгорон тавсия медиҳанд, ки ба раванди омода намудани кӯдак ба синфи якум ва ҳавасманд сохтани ӯ диққат диҳанд. Зеро вақте кӯдак аввалин маротиба ба мактаб меояд, мушкилоти асосӣ- ин муҳити нав мебошад. Кӯдак пештар фақат бо оилаи худ дар муошират буд, ҳоло ӯ бояд бо одамони зиёд муносибат намояд. Дар ин вақт кори асосии омӯзгор ӯро бо муҳити нав шинос намудан аст. Ба кӯдак дар баробари савод тарзи дар ҷамъият сухан гуфтан, одоби нишасту хез, баробарӣ, масъулиятшиносӣ, муносибати дӯстона бо ҳамсинфон ва тавоноиву таҳаммулпазириро бояд омӯзонид.
Ба иттилои равоншиносон, алоқамандӣ байни оила ва мактаб дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Мушкилии дигар- ин риояи реҷаи рӯз аст, ки кӯдак ба муҳити нав- муҳити омӯзиш дохил мешавад. Мушкилии дигар фаъолияту супоришҳо мебошанд, зеро қабалн дар хона фаъолияти асосии онҳо бозӣ буд, ҳоло кӯдак бояд машғулияту супоришҳоро иҷро намояд ва вақти пурсидан онҳоро ба ёд оварда, ҷавоб диҳад.
Падару модар бояд фарзандонро ба мактаб тезтар одат кунонанд, ба дарсҳо шавқманд намоянд ва бо онҳо бештар вақт гузаронанд. Ҳар рӯз аз ҷараёни дарси гузаштааш пурсон шаванд, агар чизеро хато навишт ё хато талаффуз намуд, сарзаниш накунанд, балки баръакси онро иҷро намоянд. Бояд аз давраи мактабхонии худ ба фарзандон нақл кунанд, то кӯдак ба дарс майлу рағбат пайдо намояд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






