Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
ДУШАНБЕ, 18.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ сомонаи сифати ҳаво таҳия гардида, ба фаъолият шуруъ намуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ медиҳад, ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба ҳолати воқеии сифати ҳаво дар мамлакат аз ин сомона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маълумоти дақиқ пайдо намоянд.
Дар айни замон дар 9 минтақаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар 6 минтақаи шаҳри Душанбе–дар мавзеи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ, Институти физикию техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Мактаби байналмилалии президентӣ, шаҳракҳои 65 ва 103, инчунин дар шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат ва Ҳисор таҷҳизоти худкори ташхиси сифати ҳаво насб гардидаанд.
Сомонаи мазкур ба таври онлайнӣ фаъол буда, дар он харитаи ҷойгиршавии таҷҳизот, маълумоти сифати ҳаво дар намуди графикҳо бо нишондоди заррачаҳои 10мкр (Рм-10) ва 2,5мкр (Рм2,5) барои муайяннамоии индекси сифати ҳаво ва тавсияву маълумот ҷойгир карда шудааст.
Дар сомона шаҳрвандон метавонанд бо маълумоти зерин:
1. Сомонаи сифати ҳаво бо нишондоди индекси ҷаҳонии сифати ҳаво, ҳолати сифати ҳаво, консентратсияи заррачаҳои 2,5микрона (Рм-2,5) инчунин омилҳои метеорологӣ (ҳарорат, суръати шамол ва намнокии ҳаво);
2. Номгӯи нуқтаҳои мушоҳидавӣ бо нишондоди консентратсияи заррачаҳои андозаашон то 2,5 ва 10 микрона (Рм-2,5), (Рм-10), инчунин индекси сифати ҳаво;
3. Харитаи ҷойгиршавии нуқтаҳои мушоҳидавии сифати ҳаво дар ҷумҳурӣ;
4. Маълумоти сифати ҳаво дар намуди график бо нишондоди заррачаҳои андозаашон то 2,5 микрона (Рм-2,5) ва 10 микрона (Рм-10);
5. Рейтинги нуқтаҳои мушоҳидашаванда бо нишондоди индекси сифати ҳаво, инчунин консентратсияи Рм-2,5 ва Рм-10;
6. Тавсияҳои тиббӣ ҳангоми хавфи ифлосшавии ҳаво;
7. Маълумоти бештар дар бораи сифати ҳаво шинос шаванд.
Бо назардошти гирифтани маълумот аз 9 минтақаи ҳудуди ҷумҳурӣ индекси миёнаи сифати ҳаво (AQI) муайян гардида, нишондиҳандаи универсалӣ вобаста ба ҳолати воқеии сифати ҳаво дар харита нишон дода мешавад. Сомонаи мазкур ягона манбае мебошад, ки дар он дақиқияти сифати ҳаво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз моделҳои ҷаҳонӣ муайян карда мешавад.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






