Дар Тоҷикистон суръати интернети мобилӣ панҷ баробар афзоиш ёфтааст

Июль 11, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 11.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Суръати миёнаи интернети мобилӣ аз 7,2 Мбит/с дар аввали соли 2025 то ба 35,4 Мбит/с дар соли 2026 расонида шуд. Ҳамзамон суръати интернети собит ба 48,71 Мбит/с афзоиш ёфта, тибқи нақша дар ду соли оянда ин нишондиҳанда ба 100 Мбит/с расонида мешавад. Дар ин хусус 8 июл зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ хизматрасонии интернети моҳворавии Starlink расман ба фаъолият оғоз намуд. Ин хизматрасонӣ имконияти дастрасӣ ба интернетро, бахусус барои сокинони минтақаҳои дурдаст ва душворгузари мамлакат, васеъ намуда, ба рушди инфрасохтори рақамӣ ва баланд бардоштани фарогирии хизматрасониҳои алоқа мусоидат менамояд.

Тибқи иттилоъ, тадбирҳои амалишаванда дар доираи сиёсати давлатӣ барои рушди соҳаи алоқа ва рақамикунонии иқтисодиёти мамлакат татбиқ гардида, барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва таъмини дастрасии бештари аҳолӣ ба интернети босуръат заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Зимни нишасти матбуотӣ хабарнигорон бо нигаронӣ изҳор доштанд, ки бо вуҷуди оғози расмии фаъолияти интернети моҳворавии Starlink дар Тоҷикистон, бархе аз сокинон бар ин назаранд, ки арзиши истифодаи ин хизматрасонӣ барои аксари аҳолӣ ҳанӯз баланд мебошад.

Ба гуфтаи онҳо, хароҷоти хариди таҷҳизоти қабулкунанда ва пардохти ҳармоҳаи хизматрасонӣ имкони истифодаи васеи ин технологияро маҳдуд мекунад, бахусус барои сокинони деҳот ва оилаҳои дорои даромади миёна.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии шабакаи интернети моҳворавӣ Starlink таъмини интернети босуръат дар минтақаҳое мебошад, ки дастрасӣ ба шабакаҳои анъанавии нахи нурӣ ё алоқаи мобилӣ маҳдуд ё вуҷуд надорад.

Барои истифода аз Starlink муштарӣ бояд маҷмуи таҷҳизотро харидорӣ намояд, ки он аз антеннаи моҳвораӣ, роутери Wi-Fi, манбаи барқ ва ноқилҳои пайвасткунанда иборат аст. Пас аз насб, таҷҳизот мустақиман ба моҳвораҳои Starlink пайваст шуда, интернетро бидуни ниёз ба инфрасохтори кабелӣ ё манораҳои алоқа таъмин мекунад.

Тибқи маълумоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, харид ва дастрас намудани таҷҳизот, инчунин шиносоӣ бо шарту талабот ва тарофаҳои хизматрасонӣ мустақиман тавассути сомонаи расмии ширкати Starlink.com амалӣ карда мешавад. Нархи таҷҳизот ва тарофаҳо аз ҷониби ширкат тибқи сиёсати тиҷоратӣ муайян мегарданд.

Истифодабарандагон метавонанд таҷҳизоти худро мустақилона ба қайд гирифта, фаъол намоянд. Ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳоди маълумоти шахсӣ, аз ҷумла нусхаи шиноснома, силсила ва рақами он, рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами телефон ва маълумоти корти пардохт бо маблағи кофӣ барои пардохти хизматрасонӣ талаб карда мешавад.

Инчунин бо мақсади ба низом даровардани истифодаи таҷҳизоте, ки қаблан бе иҷозат фаъол буданд, Хадамоти алоқа ба истифодабарандагон тавсия медиҳад, ки расмиёти бақайдгирии муқарраргардидаро гузашта, истифодаи таҷҳизотро ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намоянд. Зеро нисбат ба чунин таҷҳизот аз ҷониби ширкат метавонад маҳдудият ё қатъи хизматрасонӣ татбиқ гардад.

Хадамоти алоқа раванди истифода ва фаъолияти хизматрасониро назорат намуда, дастрасии маълумоти заруриро барои мақсадҳои назоратӣ ва танзимӣ таъмин менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад