Дар Улан-Батор ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 20.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон, 20 июл дар шаҳри Улан-Батор ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ба кори ҷаласа аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода ва аз ҷониби Муғулистон вазири озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабук Цагаанхуу Идэрбат ҳамраисӣ намуданд.
Зимни ҷаласа доир ба масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба табодули афкор анҷом дода шуд.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат ва коркарди маҳсулот, энергетика, нақлиёт ва логистика, кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ, илму маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, инчунин густариши ҳамкории байниминтақавиро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои густариши гардиши мол, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамкории соҳибкорон, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод, рушди ҳамкорӣ дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тақвияти робитаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, инчунин таҳкими ҳамкории илмию техникӣ ва табодули таҷриба байни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар зоҳир гардид.
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ таъкид намуданд, ки таъсиси Комиссияи байниҳукуматӣ ҳамчун механизми муассири ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои дуҷониба барои боз ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона ва шарикии судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон аҳаммияти муҳим дорад.
Дар фарҷоми ҷаласа ҷонибҳо имзои Протоколи ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистонро қадами муҳим дар роҳи тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи пайвастаи муқаррароти он ва роҳандозии чораҳои мушаххас барои баланд бардоштани сатҳу сифати ҳамкории дуҷониба, мутобиқ ба манфиатҳои муштараки ҳар ду давлат, изҳор намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






