Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036 » ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш иштирокдорон доир ба мавзуъҳои «Ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикиситон дар таҳкими фарҳанги сулҳ: таҳлили ҳуқуқи инсон ва аҳамияти Даҳсолаи байналмилалии солҳои 2027-2036», «Аҳамияти ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ» ва «Нақши ҳуқиқии Қаътномаи Даҳсолаи сулҳ ҳамчун санади байналмилалӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруъза намуданд.
Иброз гардид, ки қабули ин ҳуҷҷати муҳим аз нигоҳи сиёсӣ бозгӯи сатҳи баланди эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, натиҷаи татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии муваффақ, сулҳҷӯёна ва созандаи давлат арзёбӣ мегардад. Аз нигоҳи таърихӣ низ қабули ин Қатънома дар марҳалае рост омад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар вақти дигар ба таҳкими сулҳу субот, ҳамбастагӣ ва ҳамкории созанда ниёз дорад. Аз ин рӯ, аҳамияти он аз доираи як санади байналмилалӣ фаротар рафта, метавонад ҳамчун заминаи муҳими таҳкими муколамаи байни давлатҳо, густариши эътимоди мутақобила ва ташаккули фарҳанги нави муносибатҳои байналмилалӣ хизмат намояд.
Ёдовар мешавем, ки 25 июн Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.
Дар қатънома ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Миллали Мутаҳид, ба вежа иродаи «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» ва уҳдадории ҳалли мусолиматомези баҳсҳо бозтоб ёфтааст. Он инчунин аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳро ҳамчун ваколати умумиҷаҳонӣ барои таблиғи фарҳанги сулҳ ва адами хушунат эътироф менамояд.
Дар фарҷом доир ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» иштирокдорон мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад






