Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн дар шаҳри Вашингтон дар доираи машваратҳои сиёсии дуҷониба бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд.
Дар ҳамоиш роҳбарони 17 ширкати бонуфузи амрикоӣ, ки дар бахшҳои саноат, зеҳни сунъӣ, марказҳои коркарди маълумот (дата-сентрҳо), сармоягузорӣ, авиатсия, бонкдорӣ, тиҷорат, маориф, мудофиа ва хизматрасонӣ фаъолият доранд, инчунин аъзои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода ва муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назарзода имкониятҳои сармоягузорӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро дар бахшҳои саноат, зеҳни сунъӣ, марказҳои коркарди маълумот, энергетика, кишоварзӣ, сохтмон ва сайёҳӣ муаррифӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп зимни мулоқоти худ 6 ноябри соли 2025 дар шаҳри Вашингтон густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, саноат, сармоягузорӣ ва технологияро аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои ду давлат арзёбӣ намуда буданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳарчанд Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба панҷгонаи сармоягузорони пешсафи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст, дар бахшҳои гуфташуда имкониятҳои васеи истифоданашудаи сармоягузорӣ вуҷуд доранд. Аз ин рӯ, ба соҳибкорону сармоягузорони амрикоӣ пешниҳод гардид, ки аз фазои мусоиди сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозию гумрукӣ истифода намуда, дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ дар Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико








Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст






