Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА дар бахшҳои сиёсӣ ва илмӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн дар Вашингтон, ҳавзаи Колумбия Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси Кумитаи корҳои хориҷии Палатаи намояндагони Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Брайан Маст, дигар намояндагони Конгресс ва муассису раиси Пажуҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Фредерик Старр мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот бо намояндагони Конгресси ИМА ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро баррасӣ намуда, аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ ва густариши ҳамкории байнипарлумониро таъкид карданд.
Ҳамчунин нақши Конгресси ИМА дар таҳкими ҳамкории ду давлат дар самтҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ, амният, энергетика, саноат, маориф, тандурустӣ ва татбиқи барномаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Илова бар ин, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла лағви иловаи Ҷексон–Веник нисбат ба Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима намуданд.
Дар мулоқот бо муассис ва раиси Пажуҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Фредерик Старр масъалаҳои марбут ба ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ, инчунин дурнамои густариши ҳамкории илмӣ ва академӣ баррасӣ гардиданд.
Сироҷиддин Муҳриддин профессор Фредерик Старрро бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе шинос намуда, таъкид кард, ки фаъолияти ин марказҳо ба рушди ҳамкории байналмилалии академӣ, муаррифии мероси ғании таърихию фарҳангии халқи тоҷик ва шинохти бештари минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат менамоянд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкории илмӣ, анҷом додани таҳқиқоти муштарак, иштироки олимон дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва марказҳои пешрафтаи таҳқиқотӣ иброз намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин профессор Фредерик Старрро барои боздид аз Тоҷикистон ва идомаи ҳамкории судманд бо ҷомеаи илмии мамлакат даъват намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид






