Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд

Июль 26, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 26.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 дар вилояти Хатлон 50 иншооти соҳаи маориф бо 210 синфхона барои 5040 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хатлон хабар доданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 бунёди 341 иншооти соҳаи маориф иборат аз 2894 синфхона барои 69 ҳазору 456 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

Ҳоло дар вилоят 183 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 1304 маркази инкишофи кӯдак фаъолият менамоянд.

Дар соли таҳсили 2025–2026 хонандагони вилояти Хатлон дар даври ниҳоии олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 1175 ҷойи ифтихорӣ гардида, нисбат ба соли 2025    375 ҷой бештар ба даст оварданд. Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ хонандагони вилоят соҳиби 3640 медал, аз ҷумла 829 медали тилло, 1196 медали нуқра ва 1615 медали биринҷӣ шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад