Дар вилояти Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 200 МВт бунёд карда мешавад

Июль 28, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғди Тоҷикистон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 200 МВт бунёд мегардад. Ин ва дигар масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ноиби президенти ширкати «China Energy Overseas Investment Co., Ltd.» Ли Яҳонг баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон дар мулоқот  масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 200 МВт дар вилояти Суғдро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкорӣ ва таҳкими муносибатҳои шарикӣ ба хотири татбиқи лоиҳаи муштарак изҳори омодагӣ карданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 28, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид