Директори АМИТ «Ховар» дар Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 27.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бишкек Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «СҲШ дар давраи нав: аз ҳамдигарфаҳмӣ то ҳамкории амалӣ» баргузор гардид. Дар кори форум директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода иштирок намуд.
Форум тақрибан 250 намояндаи воситаҳои ахбори омма, марказҳои таҳлилӣ, муассисаҳои илмӣ, мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалиро аз 26 давлати аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, давлатҳои нозир ва шарикони муколама ба ҳам овард.
Дар ҷаласаҳои пленарӣ ва нишастҳои мавзуӣ иштирокчиён масъалаҳои муҳими рушди ҳамкории байналмилалии иттилоотӣ, таҳкими ҳамкории воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилӣ, табдили рақамии фазои расонаӣ, густариши ҳамкории башардӯстона, инчунин таҳдиду чолишҳои муосири фазои ҷаҳонии иттилоотиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити тағйироти босуръати ҷаҳонӣ воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилӣ дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ, рушди муколамаи байнифарҳангӣ, таҳкими эътимоди мутақобили байни давлатҳо ва пешбурди принсипҳои ҳамкории байналмилалии созандаву кушода нақши ҳарчи муҳимтар касб менамоянд.
Иштирокчиёни форум изҳор доштанд, ки ҳамкории самараноки ҷомеаи коршиносӣ ва расонаҳо ба дарёфти роҳҳали муштараки масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва ташаккули фазои иттилоотии воқеъбинона ва боэътимод мусоидат мекунад. Дар ин замина ба принсипҳои адолат, баробарҳуқуқӣ, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва ба инобат гирифтани манфиатҳои ҳамаи давлатҳо ҳамчун заминаи муҳими рушди устувор ва таҳкими амният дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки журналистикаи муосир имрӯз на танҳо вазифаи иттилоърасониро иҷро мекунад, балки ҳамчун воситаи муҳими дипломатияи мардумӣ барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, густариши робитаҳои башардӯстона ва тавсеаи ҳамкорӣ байни давлатҳо низ хизмат менамояд.
Аз рӯйи натиҷаҳои форум иштирокчиён изҳори итминон намуданд, ки рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба таҳкими шарикии иттилоотӣ, тавсеаи мубодилаи таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба манфиати рушди устувори кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.
АКС аз манбаъҳои боз








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






