Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 25.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалишавии «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.
Иброз гардид, ки масъалаҳои ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Барнома бо мақсади баланд бардоштани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии репродуктивии аҳолӣ, беҳтар намудани саломатии занон, тарбияи ахлоқии ҷинсӣ, ҷалб намудани шарикони рушд, ташкилоти ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ барои таъмин намудани муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ бо маводи контрасептивӣ, омӯзонидани кормандони соҳа оид ба солимии репродуктивӣ, фаъолкунии идорасозии таъминот ва тақсимоти маводи пешгирандаи ҳамл, таҳияи маводи иттилоотӣ, маърифатӣ, баланд бардоштани маърифатнокӣ ва дониши аҳолӣ оид ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ, беҳбуди саломатии модарон ва навзодон, кӯдакону наврасон ва ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ дар заминаи фарогирии умумии хизматрасонии тандурустӣ таҳия шудааст.
Барнома инчунин бо мақсади дастрасӣ ба хизматрасонии солимии репродуктивӣ, паст намудани фавти модарон, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо техника ва технологияи муосир, беҳтар намудани вазъи молиявии муассисаҳои тиббӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи таълимии зарурӣ ба хотири самаранок баргузор намудани дарсҳои таълимӣ вобаста ба солимии репродуктивии аҳолӣ равона шудааст.
Дар анҷом иштирокчиён оид ба масъалаҳои амалисозии минбаъдаи барнома, таҳкими ҳамкории сохторҳои соҳавӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон, навзодон ва кӯдакон мубодилаи афкор намуда, барои иҷрои босамари вазифаҳои дарпешистода тавсияҳои дахлдор пешниҳод карданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






