Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи омӯзгории марказии Чин тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳими рушди ҳамкории байнидонишгоҳӣ дар мулоқоти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо ҳайати расмии Донишгоҳи омӯзгории марказии Чин таҳти роҳбарии муовини ректори Донишгоҳи омӯзгории марказии Чин профессор Ло Лянгун дар Душанбе баррасӣ шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди робитаҳои илмию таълимӣ, мубодилаи академии омӯзгорону донишҷӯён, амалисозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, рушди ҳамкорӣ дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, варзиши сайёҳӣ, инчунин таҳкими робитаҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода меҳмононро бо дастовардҳои донишгоҳ, раванди байналмилаликунонии таҳсилот, татбиқи барномаҳои таълимӣ бо забонҳои хориҷӣ, густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳон, иштироки донишгоҳ дар раддабандиҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки байналмилалӣ шинос намуд.
Роҳбарияти Донишгоҳи омӯзгории марказии Чин омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобили судманд изҳор намуда, ба роҳ мондани барномаҳои табодули академӣ, ташкили омӯзишҳои кӯтоҳмуддат, лагерҳои тобистонаву зимистона, гузаронидани таҳқиқоти муштарак, табодули таҷриба байни омӯзгорон ва донишҷӯён, инчунин баргузории чорабиниҳои муштараки илмию таълимӣ ва варзиширо аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ намуд.
Дар доираи сафари ҳайат меҳмонон бо инфрасохтори донишгоҳ, имконияти таълимӣ ва илмии муассиса аз наздик шинос шуданд. Ҳамчунин намоиши ҳунари ушуи анъанавии Чин (Chinese Wushu), бозии дӯстонаи футбол байни намояндагони ду донишгоҳ ва маросими супоридани ҷоизаҳо баргузор гардид, ки рамзи таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки натиҷаҳои мулоқот барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи таҳсилот ва илм заминаи мусоид фароҳам оварда, ба рушди муносибатҳо байни ду муассисаи таълимӣ мусоидат мекунанд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






