Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ва ворид намудани таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ба низоми таҳсил бо зиёда аз 50 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд. Дар ин хусус 23 июл зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Хурсанд Ҳамдамзода иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки дар шаш моҳи аввали соли 2026 роҳбарияти донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии якчанд давлати хориҷӣ 11 созишнома ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонид. Ин санадҳо барои ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ, густариши таҳқиқоти илмӣ, табодули академии омӯзгорону донишҷӯён ва татбиқи лоиҳаҳои нави байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ 10 омӯзгори донишгоҳ дар доираи барномаҳои табодули академӣ ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ҷалб гардиданд.
Дар донишгоҳ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар доираи ҳамкории байналмилалӣ марказҳои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва кореягӣ фаъолият дошта, онҳо дар баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯён ва омода намудани онҳо ба бозори байналмилалии меҳнат саҳм мегузоранд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






