Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз рӯйи 54 ихтисос донишҷӯ қабул менамояд

Июль 28, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон довталабон аз рӯйи 54 ихтисос қабул карда мешаванд, ки нисбат ба соли 2025 2 ихтисос зиёд мебошад. Дар ин хусус 28 июл Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Дар нишаст бо дахли раванди таълим дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон гуфта шуд, ки дар ин давра дар шуъбаи рӯзона раванди таълим дар курси якум аз рӯи 49 ихтисос, курси дуюм — 35, курси сеюм — 30 ва дар курси чорум аз рӯйи 31 ихтисос ба роҳ монда шуд.

Дар ин давра дар донишгоҳ мутобиқи нақшаи нави таълимӣ, аз рӯйи 58 ихтисос 226 гурӯҳи академӣ -150 гурӯҳи таҳсилашон ба забони тоҷикӣ, 73 гурӯҳи русӣ ва 3 гурӯҳи англисӣ фаъолият менамоянд, ки шумораи умумии донишҷӯён дар онҳо ба 3 ҳазору 205 нафар мерасад.

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 2 ҳазору 300 донишҷӯ ба тариқи шартнома, 866 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 40 нафар тавассути квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд.

Дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 8 факултет, 6 идора, шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, 20 кафедра, 4 марказ, инчунин филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара ва Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи инноватсионии Душанбе» амал менамоянд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд