Дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати ширкати «Al Faisal Holding»-и Давлати Қатар вохӯрӣ доир гардид, ки дар он дурнамои рушди ҳамкорӣ баррасӣ шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мулоқот тақвияти ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд тасдиқ карданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои авлавиятноки саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ, алюминий, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати хӯрокворӣ ва рушди истеҳсолоти муосири саноатӣ равона гардид.
Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир иқтидори саноатӣ ва сармоягузории ҷумҳуриро муаррифӣ намуда, аз шароити мусоиди пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва имкониятҳои васеи татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судманди сармоягузорӣ дар самти саноат ёдовар шуд.
Мусоҳибон омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва идомаи муколамаи созанда барои баррасии самтҳои ояндадори ҳамкорӣ изҳор намуданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст






