«ЭКО-2026». Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 26.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1-2 августи соли 2026 дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳии ЭКО–2026 баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди сайёҳии экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар ниммарафони экологии кӯҳӣ варзишгарон, сайёҳон ва блогерон иштирок менамоянд.
Яке аз ҳадафҳои асосии ниммарафон баланд бардоштани маърифати экологӣ, оммавӣ гардонидани дави варзишӣ, рушди сайёҳии варзишӣ, муттаҳидсозии ҷавонон тавассути варзиш, омода намудани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Ташкили чунин мусобиқаи сатҳи баланд дар мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстӣ байни варзишгарон ва барқарорсозии саломатии онҳо нақши муҳим бозида, ҳар иштироккунанда аз он таассуроти бою рангин мебардорад ва руҳану ҷисман ба табиат наздик мешавад.
АКС аз бойгонӣ








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






