Эмомалӣ Раҳмон: ««Барномаи рушди металлургияи сиёҳ барои солҳои 2027–2035» таҳия карда шавад»

Июль 12, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 12.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 июл зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи металлургияи миллӣ, ташаккули занҷири пурраи истеҳсолот, истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас доданд.

Аз ҷумла, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки «Барномаи рушди металлургияи сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2035»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Таъкид гардид, ки дар барномаи мазкур марҳалаҳои рушди соҳа, ташаккули занҷири пурраи истеҳсолот, таъминот бо ашёи хом, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, омӯзиши талаботи бозори дохиливу хориҷӣ, тавсеаи истеҳсолоти ба содирот нигаронида, таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисос, такмили инфрасохтор ва ҷалби сармоя бояд пешбинӣ карда шавад.

Ҳамчунин Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор гардид, ки барои рушди соҳаи мошинсозии мамлакат ва истифодаи маҳсулоти металлургияи ватанӣ дар истеҳсоли таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда тадбирҳои мушаххас андешад.

Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо вазоратҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллӣ супориш дода шуд, ки барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва рушди иқтидори содиротӣ истифодаи васеи механизмҳои ҳамкории давлат ва бахши хусусиро таъмин намоянд.

Пешвои миллат инчунин ба вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дастур доданд, ки низоми омода намудани кадрҳоро мутобиқ ба талаботи истеҳсолоти муосир таҷдиди назар намуда, таъсиси ихтисосҳои нави муҳандисиву техникиро дар муассисаҳои таълимӣ таъмин созанд.

Зимнан, ба Вазорати нақлиёт ва Ҷамъияти саҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» супориш дода шуд, ки ҷиҳати лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳи оҳани 80-километра барои пайваст намудани конҳои маъдани оҳан бо маҷмааи истеҳсолии комбинат ва шабакаи роҳи оҳани кишвар тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин Вазорати энергетика ва захираҳои об вазифадор гардид, ки бо назардошти афзоиши иқтидори истеҳсолии комбинат таъмини боэътимоди иншооти истеҳсолиро бо неруи барқ таъмин намояд.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат супориш дода шуд, ки барои рушди инфрасохтори саноатӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва дастгирии ташаббусҳои бахши хусусӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Саридораи геология вазифадор карда шуд, ки корҳои омӯзиши геологии конҳои маъдани оҳан ва дигар канданиҳои фоиданоки барои рушди металлургия муҳимро густариш бахшад.

Ҳамзамон ба Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» супориш дода шуд, ки бо истифода аз иқтидори нави истеҳсолӣ ҳаҷми истихроҷи маъдани оҳанро мутобиқи нақшаҳои тасдиқшуда тадриҷан то 10 миллион тонна дар як сол зиёд намояд.

Назорати иҷрои супоришҳои додашуда ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода гузошта шуд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки рушди соҳаи металлургияи мамлакат танҳо вазифаи як соҳа набуда, яке аз омилҳои муҳими таҳкими иқтидори иқтисодии давлат, истифодаи самараноки сарватҳои миллӣ ва таъмини рушди устувори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 12, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад