Эмомалӣ Раҳмон: «Бунёди «Комбинати металлургии Тоҷик» рамзи иқтидори рӯзафзуни иқтисодии мамлакат аст»
ДУШАНБЕ, 11.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 июл зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъкид намуданд, ки имрӯз Тоҷикистон шоҳиди оғози марҳалаи муҳим дар рушди саноати мамлакат мебошад..
Ба таъкиди Пешвои миллат, бунёди «Комбинати металлургии Тоҷик» барои истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, таъсиси ҳазорон ҷойи нави кор ва таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат аҳаммияти стратегӣ дорад.
Сарвари давлат изҳор намуданд, ки ин иқдом барои афзоиши содироти маҳсулоти саноатии ватанӣ ва таҳкими рақобатнокии иқтисоди миллӣ заминаи устувор мегузорад.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки ҳамаи ин дастовардҳо самараи сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва истиқлолу озодии Тоҷикистон мебошанд.
Тазаккур дода шуд, ки дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди чунин иншооти бузурги саноатӣ рамзи иқтидори рӯзафзуни иқтисодии кишвар ва натиҷаи сиёсати созандаи давлат мебошад.
Пешвои миллат изҳори боварӣ намуданд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд, муҳандисону сохтмончиён, мутахассисон, соҳибкорон ва кормандони соҳаи саноат минбаъд низ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат саҳми арзишманд мегузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






