Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон нахустин маҷмааи мукаммали металлургияи сиёҳ бунёд мегардад»

Июль 11, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 11.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 июл зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ доданд, ки дар солҳои 2025–2029 аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» ҳафт корхонаи саноатӣ ҳамчун низоми ягона бунёд гардиданд, ки нахустин маҷмааи мукаммали металлургияи сиёҳи ватаниро ташкил медиҳанд.

Тавре Сарвари давлат таъкид намуданд, дар марҳалаи якуми лоиҳа истеҳсоли консентрати оҳан ва ғелаки оҳан ба роҳ монда мешавад.

Ба андешаи Пешвои миллат, бо оғози фаъолияти марҳалаи дуюм истеҳсоли оҳани аввалия ё тозашуда, хӯлаи оҳанӣ ва арматура оғоз гардида, дар Тоҷикистон бори аввал занҷираи пурраи истеҳсолоти металлургияи сиёҳ — аз истихроҷи маъдан то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ташаккул меёбад.

Президенти мамлакат изҳор  доштанд, ки ба масъулони корхона супориш дода шудааст, то дар доираи имконияти мавҷуда корҳои сохтмони марҳалаи дуюмро аз ҳамин рӯз оғоз намоянд.

Таъкид гардид, ки дар ин ҳолат имконияти як сол пештар ноил шудан ба ҳадафҳои гузошта ва ба роҳ мондани истеҳсоли арматура барои таъмини бозори дохилии мамлакат бо ин намуди маҳсулот фароҳам мегардад.

Пешвои миллат аз пешрафти корҳои сохтмонӣ дар муҳлати кӯтоҳ изҳори қаноатмандӣ намуда, боварӣ баён карданд, ки масъулон аз иҷрои вазифаҳо сарбаландона баромада, моҳи сентябри соли 2028 корхона аввалин маҳсулоти тайёрро пешкаши сокинони мамлакат мегардонад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад