Эмомалӣ Раҳмон: ««Комбинати металлургии Тоҷик» барои рушди металлургияи миллӣ замина мегузорад»
ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 июл зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иброз доштанд, ки бунёди корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани Ҷамъияти саҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» на танҳо сохтмони як корхона, балки оғози марҳалаи нави рушди саноати маъдан ва гузоштани заминаи металлургияи миллии Тоҷикистон мебошад.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки моҳи апрели соли гузашта ба сохтмони ин корхонаи азим оғоз бахшида шуд ва имрӯз корҳои сохтмонӣ бо суръати хуб идома доранд. Дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ барои бунёди инфрасохтори муҳими истеҳсолӣ, аз ҷумла хатҳои баландшиддати барқ, шабакаҳои обрасонӣ, роҳҳои мошингард ва дигар иншооти зарурӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Ба иттилои Сарвари давлат, то имрӯз тибқи нақша зиёда аз 80 фоизи корҳои сохтмони марҳалаи аввали корхона анҷом дода шудаанд, ки аз масъулиятшиносӣ, ташкили дурусти кор ва азми қавии сохтмончиён, муҳандисон ва ҳама масъулони лоиҳа дарак медиҳад.
Таъкид гардид, ки «Комбинати металлургии Тоҷик» бо сармояи умумии қариб 6 миллиард сомонӣ дар ду марҳала бунёд мешавад. Марҳалаи якуми он моҳи сентябри соли 2027 ва марҳалаи дуюм соли 2029 мавриди истифода қарор гирифта, иқтидори солонаи он ба истихроҷ ва коркарди 2 миллиону 500 ҳазор тонна маъдани оҳан мерасад.
Пешвои миллат изҳор намуданд, ки дар давраи сохтмони комбинат беш аз 1200 нафар ва баъди пурра ба истифода додани он зиёда аз 1500 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.
Президенти мамлакат инчунин иброз доштанд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳои бузург натиҷаи сиёсати пайгиронаи давлат дар самти дастгирии соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият, муҳандисон, сохтмончиён ва ҳама кормандони Ҷамъияти саҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик», инчунин шарикони лоиҳа барои саҳми арзандаашон дар татбиқи ин тарҳи муҳим изҳори сипос намуданд. Ҳамзамон таъкид доштанд, ки ин лоиҳа дар оянда ба яке аз пояҳои муҳими рушди саноати вазнини мамлакат табдил ёфта, барои таъсиси ҷойи нави кор, рушди истеҳсолот ва таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам меорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид






