Эмомалӣ Раҳмон: «Маҷмааи металлургии Тоҷикистон даҳҳо корхона ва ҳазорон ҷойи нави кор таъсис медиҳад»
ДУШАНБЕ, 11.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 июл зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров изҳор намуданд, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои ташаккули маҷмааи мукаммали металлургӣ асос гузошта мешавад ва тамоми марҳалаҳои истеҳсолот — аз истихроҷи маъдан то коркарди металл, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва рушди инфрасохтори нақлиётиву энергетикиро ҳамчун низоми ягона ба ҳам мепайвандад.
Ба андешаи Сарвари давлат, ашёи хоми асосии барои рушди металлургияи сиёҳ зарурӣ, аз ҷумла маъдани оҳан, ангишт, бентонит ва оҳак дар дохили кишвар мавҷуд буда, имкон медиҳад, ки занҷираи истеҳсолот асосан бо истифода аз захираҳои ватанӣ таъмин карда шавад.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки чунин муносибат барои таъсиси даҳҳо корхонаи нав ва ҳазорон ҷойи нави кор дар атрофи истеҳсолоти асосӣ замина фароҳам меорад ва имконоти рушди саноати мамлакатро боз ҳам васеъ мегардонад.
Иброз гардид, ки рушди металлургияи сиёҳ ба ҳалли масъалаи шуғли аҳолӣ ҳам аз ҳисоби таъсиси ҷойи кори мустақим ва ҳам ғайримустақим мусоидат мекунад.
Президенти мамлакат тазаккур доданд, ки корхонаҳои соҳавӣ барои муҳандисон, металлургҳо, муҳандисони барқ, мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ ва дигар кормандони соҳавӣ ҷойи кори доимӣ бо музди меҳнати муносиб пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин бо рушди истеҳсолоти асосӣ дар минтақа шабакаи васеи корхонаҳои хурду миёна ва хизматрасонӣ ташаккул ёфта, барои табдил ёфтани маҳалли ҷойгиршавии корхона ба маркази нави саноатӣ замина фароҳам меояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






