Эмомалӣ Раҳмон: «Металлургияи миллӣ заминаи истиқлоли саноатии мамлакат аст»

Июль 10, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 июл зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хотиррасон намуданд, ки истиқлоли металлургӣ ба давлат имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои бузурги инфрасохториро сарфи назар аз таҳримҳо ва таъсири омилҳои буҳронии берунӣ амалӣ намояд.

Сарвари давлат  дар идома илова намуданд, ки рушди металлургияи миллӣ барои бунёди шаҳракҳои нави саноатӣ, роҳу нақбҳои стратегӣ, пулҳои бузурги мошингузар, иншооти варзишиву фароғатӣ, неругоҳҳои хурду бузург ва дигар иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Пешвои миллат изҳор намуданд, ки мавҷудияти занҷираи пурраи истеҳсолии металлургӣ дар дохили кишвар нишонаи сатҳи баланди рушди саноат буда, барои қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ аҳаммияти стратегӣ дорад.

Тавре таъкид гардид, давлатҳое, ки имконияти таъмини бозори дохилиро бо маҳсулоти аз оҳан истеҳсолшуда доранд, метавонанд дар бахшҳои сохтмон, мудофиа ва рушди инфрасохтор истиқлоли комили саноатиро таъмин намоянд.

Президенти мамлакат ҳамчунин аҳаммияти иқтисодии ин соҳаро назаррас арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки тибқи таҳлилҳои байналмилалӣ, ҳар ҷойи нави кор дар соҳаи металлургияи сиёҳ метавонад то ҳафт ҷойи кори дигарро дар бахшҳои вобаста, аз ҷумла саноат, сохтмон, энергетика, нақлиёт, иқтисод ва илм ба вуҷуд оварад.

Ба таъкиди Роҳбари давлат, металлургияи сиёҳ ба рушди энергетика низ такони ҷиддӣ бахшида, барои бунёди неругоҳҳои нави барқӣ, таҷдиди шабакаҳои интиқоли неруи барқ ва рушди дигар бахшҳои стратегии иқтисоди миллӣ аҳаммияти калидӣ дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 10, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад