Эмомалӣ Раҳмон: «Металлургияи сиёҳ муҳаррики стратегии рушди давлат ва пояи устувори тараққиёти индустриалии ҳар мамлакат ба ҳисоб меравад»
ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъкид намуданд, ки соҳаи металлургияи сиёҳ дар ҳама давру замонҳо муҳаррики стратегии рушди давлат ва пояи устувори тараққиёти индустриалии ҳар мамлакат ба ҳисоб меравад.
Тавре Сарвари давлат изҳор намуданд, металлургияи сиёҳ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими саноати вазнин аз истихроҷи маъдани оҳан оғоз гардида, то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ идома меёбад.
Ба андешаи Пешвои миллат, рушди ин соҳа барои таъсиси шумораи зиёди ҷойи нави кор на танҳо ба худи соҳа, балки дар бахшҳои вобаста, аз ҷумла саноат, сохтмон, нақлиёт, энергетика, савдо ва дигар самтҳои иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин металлургияи сиёҳ дар рушди инфрасохтори логистика ва боркашонӣ аҳаммияти муҳим дошта, барои ҷалби шумораи зиёди воситаҳои нақлиёти боркаш ва густариши хизматрасониҳои вобаста замина фароҳам меорад.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки рушди ин соҳа вобастагии кишварро аз воридоти оҳан ва дигар масолеҳи сохтмонӣ коҳиш дода, барои афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ шароити мусоид фароҳам месозад.
Иброз гардид, ки металлургияи сиёҳ дар ғанӣ гардидани буҷети давлат низ нақши муҳим дошта, ба пайдо шудани манбаъҳои нави даромад аз ҳисоби андозҳои гуногун, аз ҷумла андоз аз истифодабарандагони захираҳои табиӣ, андоз аз даромади корхонаҳо ва андоз аз арзиши иловашуда мусоидат мекунад.
Пешвои миллат ҳамчунин нақши соҳаи мазкурро дар рушди сармояи инсонӣ муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки дар заминаи он марказҳои омӯзишӣ таъсис ёфта, истифодаи технологияҳои муосир ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ба роҳ монда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






