Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди металлургия яке аз афзалияти сиёсати саноатии давлат аст»
ДУШАНБЕ, 11.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи металлургия, тавсеаи истеҳсолоти ба содирот нигаронида, ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ минбаъд низ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 июл зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баён намуданд.
Президенти мамлакат ёдовар шуданд, ки ҳадафи асосӣ ташаккули металлургия ҳамчун яке аз пояҳои муҳими иқтисоди саноатии Тоҷикистон мебошад.
Пешвои миллат изҳор намуданд, ки ҳар тонна маъдани истихроҷшаванда бояд, пеш аз ҳама, дар дохили мамлакат коркард гардида, ба маҳсулоти ниҳоӣ табдил дода шавад ва ин самти асосии сиёсати давлатии саноатро ташкил диҳад.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ҳар давлат сиёсати дохилӣ ва хориҷияшро бо назардошти захираҳо ва иқтидори табиии худ ба роҳ монда, барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди иқтисодӣ талош менамояд.
Тавре иттилоъ дода шуд, кишварҳое, ки имрӯз ба дастовардҳои назарраси иқтисодӣ расидаанд, рушди худро аз қадамҳои аввалин оғоз намудаанд. Тоҷикистон низ дар ин самт қадамҳои устувори нахустинро мегузорад.
Пешвои миллат бо изҳори боварӣ таъкид намуданд, ки иқлим ва захираҳои бойи табиии Тоҷикистон барои татбиқи чунин иқдомҳои созанда ва ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас имконияти васеъ фароҳам меоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






