Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди металлургияи сиёҳ сармоягузорӣ ба ояндаи Тоҷикистон аст»

Июль 11, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 11.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 июл зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров изҳор намуданд, ки ширкатҳои бузурги саноатӣ на танҳо корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд мекунанд, балки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ низ саҳми назаррас мегузоранд.

Пешвои миллат тазаккур доданд, ки чунин ширкатҳо дар сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, марказҳои тиббӣ, иншооти варзишӣ, инчунин таҷдиду рушди роҳҳо ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Сарвари давлат ҳамчунин ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки дар фаъолияти корхонаҳои муосири металлургӣ истифодаи технологияҳои каммасраф ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар аҳаммияти махсус дорад.

Таъкид гардид, ки низоми истеҳсолот такроран истифода намудани об, коҳиш додани ихроҷи газҳои ифлоскунанда ба ҳаво ва кам кардани партови гази карбонро дар бар мегирад.

Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки дар доираи лоиҳа маркази барқдиҳӣ бо иқтидори 90 мегаватт сохта мешавад, ки гармии ҳангоми истеҳсолот ҳосилшавандаро ба тавлиди неруи барқ равона намуда, аз ихроҷи он ба атмосфера пешгирӣ мекунад.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки рушди соҳаи металлургияи сиёҳ сармоягузорӣ ба ояндаи Тоҷикистон буда, барои таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва саноатии ҷумҳурӣ аҳаммияти стратегӣ дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад