Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон аз иқтисодиёти ба содироти ашёи хом такякунанда ба иқтисодиёти истеҳсолӣ қадам мегузорад»
ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ рушди саноатро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муайян намуда, барои истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва ташаккули иқтидори истеҳсолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Чунин изҳор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 июл зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар натиҷаи татбиқи ин сиёсат имрӯз Тоҷикистон тадриҷан аз иқтисодиёти асосан ба содироти ашёи хом такякунанда ба иқтисодиёти истеҳсолӣ қадам мегузорад.
«Дар ин раванд рушди металлургияи сиёҳ аҳаммияти стратегӣ дошта, метавонад ба таҳкими иқтидори саноатӣ ва иқтисодии мамлакат мусоидат намояд», — баён намуданд Сарвари давлат.
Президенти мамлакат хотирнишон намуданд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданҳои металлӣ буда, вазифаи асосӣ на танҳо истихроҷи онҳо, балки ташкили занҷираи пурраи истеҳсолот — аз корҳои геологию истихроҷ то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии металлургӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат ба рушди саноати коркард, истифодаи технологияҳои пешрафта, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронида диққати аввалиндараҷа медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






