Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон бояд аз кишвари истихроҷкунандаи маъдан ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти металлӣ табдил ёбад»
ДУШАНБЕ, 12.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 июл зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъкид намуданд, ки Тоҷикистон имрӯз ба марҳалаи нави рушди саноат ворид гардида, акнун дар баробари таъсиси иқтидори истеҳсолӣ бояд истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии металлургиро густариш диҳад.
Сарвари давлат илова намуданд, ки солҳои гузашта вазифаи асосӣ таъсиси иқтидори нави истеҳсолӣ ва коркарди аввалияи сарватҳои зеризаминӣ буд, вале ҳадафи имрӯза тадриҷан аз кишвари истихроҷкунандаи маъдан ба кишвари истеҳсолкунандаи маҳсулоти металлӣ табдил ёфтан мебошад.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки талаботи рӯзафзуни бозори дохилӣ бояд ҳарчи бештар аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин гардида, сарватҳои зеризаминии мамлакат ба манбаи рушди саноат, таъсиси ҷойи нави кор ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар табдил дода шаванд.
Таъкид гардид, ки арматура, профилҳо, қубурҳо, конструксияҳои металлӣ ва дигар маҳсулоти серталаб бояд дар дохили кишвар истеҳсол карда шаванд.
Ба андешаи Президенти мамлакат, чунин муносибат имкон медиҳад, ки иқтидори нави истеҳсолӣ пурра истифода гардида, ҳиссаи маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ афзоиш ёбад, вобастагӣ аз воридот коҳиш ёфта, имконияти содироти маҳсулоти саноатӣ васеъ гардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






