Эмомалӣ Раҳмон: «Волоияти қонун асоси устувории давлат ва шарти муҳими зиндагии осоиштаи мардум аст»

Июль 14, 2026 11:21

ДУШАНБЕ, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти адлия дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва рушди фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа нақши муассир доранд. Чорабиниҳое, ки мақомот дар ин самт баргузор мекунанд, дар таҳкими волоияти қонун, пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзои ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд. Зеро ҷомеаи пешрафта, пеш аз ҳама, ба шаҳрвандоне, ки соҳибмаърифат буда, қонунро эҳтиром ва риоя мекунанд, такя менамояд. Чунин иброз доштанд имрӯз дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия.

Сарвари давлат иброз намуданд, ки дар ин давра барои таъмин намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои ҳуқуқӣ Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» таъсис дода шуд. Фаъолияти ин муассиса ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла занон, кӯдакон, шахсони маъюб, муҳоҷирон ва оилаҳои камбизоат равона гардидааст.

Дар ин раванд ҷорӣ намудани консепсияи «ҳукумати электронӣ», ташкили махзанҳои мутамаркази иттилоотию ҳуқуқӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, такмили фаъолияти нотариат ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба баланд бардоштани шаффофият, дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳкими адолати иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.

«Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки волоияти қонун асоси устувории давлат, кафили адолати иҷтимоӣ ва шарти муҳимми зиндагии осоиштаи мардум мебошад. Маҳз риояи қонун метавонад суботи ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди иқтисодӣ ва таҳкими давлатдории миллиро таъмин намояд»,–изҳор намуданд Сарвари давлат.

Бе риояи қонун, бе эҳтиром ба арзишҳои ҳуқуқӣ ва бе масъулияти шаҳрвандӣ ҳеҷ ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ наметавонад самараи воқеӣ диҳад.

Аз ин рӯ, эҳтиром ба қонун, риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва саҳмгузорӣ дар таҳкими волоияти қонун вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба хотири фароҳам овардани шароити кории кормандони мақомоти адлия дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар 33 шаҳру ноҳияи кишвар биноҳои хуштарҳу замонавии марказҳои адлия бунёд карда шуданд. Дар 5 шаҳру ноҳияи дигар биноҳои маъмурӣ пурра таъмиру навсозӣ ва бо шароиту имконияти замонавӣ таъмин гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 14, 2026 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид