Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд

Июль 10, 2026 15:06

ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Пак Ток Хим вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо изҳор намуданд, ки ба рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ ва дипломатияи байнипарлумонӣ ҳамчун механизми муҳимми ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими эътимод байни давлатҳо аҳаммияти хос дода мешавад.

Таъкид гардид, ки Маҷлиси намояндагон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва рушди парламентаризм бо 69 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Корея, гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ таъсис додааст. Фаъолияти чунин гурӯҳҳо ҳамчун унсури муассир дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, мубодилаи афкор ва таҷрибаи қонунгузорӣ, густариши робитаҳо байни вакилони мардумӣ ва рушди муколамаи созанда байни мақомоти қонунгузории ду давлат нақши муҳим мебозад.

Дар мулоқот инчунин масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Корея ва густариши ҳамкорӣ байни парлумонҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 10, 2026 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид