Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд

Июль 2, 2026 16:10

ДУШАНБЕ, 02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаву ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи пайгиронаи Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Подшоҳии Арабистони Саудӣ муҳтарам Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, инчунин Валиаҳд ва Сарвазири ин мамлакат муҳтарам Муҳаммад ибни Салмон, муносибатҳои ду давлат имрӯз ба сатҳи сифатан нав баромада, дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ мунтазам рушд доранд.

«Мо бар он боварем, ки ин сафар яке аз рӯйдодҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Подшоҳии Арабистони Саудӣ маҳсуб ёфта, барои таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ ва густариши шарикии дуҷониба мусоидат хоҳад намуд», — баён намуд Файзалӣ Идизода.

Гуфта шуд, ки ҳамкории иқтисодию сармоягузории ду давлат низ давра ба давра густариш ёфта истодаанд.

Дар ин замина Маҷлиси намояндагон нақши дипломатияи парлумониро ҳамчун воситаи муҳими таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ ва тақвияти эътимоди мутақобил баланд арзёбӣ менамояд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода баён намуд, ки натиҷаҳои сафари Раиси Маҷлис аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли аш-Шайх ба Тоҷикистон барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории байнипарлумонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, густариши дӯстиву бародарии мардумони ду давлат, тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ такони нав мебахшанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 2, 2026 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад