Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сон Шик мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкории байнипарлумонӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷумҳурии Кореяро баррасӣ намуданд.
Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки дипломатияи байнипарлумонӣ дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим дошта, ба иштироки фаъоли парлумонҳо ва намояндагони мардум дар муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон барои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ, инчунин иштироки фаъол дар Машварати раисони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея аҳаммияти махсус медиҳад.
Изҳор карда шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст барои таҳкими шарикии дуҷониба ва татбиқи ташаббусҳои мутақобилан судманд мусоидат намояд.
Инчунин дар мулоқот таъкид шуд, ки солҳои охир дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, маориф, технологияҳои рақамӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва омодасозии кадрҳо лоиҳаҳои муштарак амалӣ мегарданд. Ҳаҷми гардиши савдои мутақобилаи Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея танҳо дар соли 2025 ба 196,1 миллион доллари ИМА расидааст, ки аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар шаҳодат медиҳад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






