Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Созмони ҳамкории Шанхай соҳиби ҷоиза шуд

Июль 20, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 20.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Эрон «Моҳӣ дар шаст» дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Созмони ҳамкории Шанхай сазовори ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, ҷашнвора аз 16 то 19 июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд.

Ба барномаи озмунии ҷашнвора филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Эрон, Русия, Қирғизистон, Беларус, Узбекистон ва Қазоқистон пешниҳод гардиданд.

Бо қарори ҳайати байналмилалии доварон ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» ба ҳунарпешагони филми «Моҳӣ дар шаст» — Хуршед Мустафоев барои иҷрои нақши Самад ва Абдулло Абдураҳимзода барои иҷрои нақши Далер тақдим шуд.

Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» истеҳсоли муштараки Тоҷикистону Эрон буда, соли 2024 дар қаламрави Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст. Асар аз рӯзгори Далер — тарбиятгирандаи мактаб-интернат, ки барои пайдо кардани модараш ба сафари тӯлонӣ мебарояд, қисса мекунад.

Филм аз рӯйи филмномаи Бахтиёр Каримов бо коргардонии Муҳиддини Музаффар моҳҳои май-июни соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Айнӣ, Панҷакент, Муъминобод, Ваҳдат, Норак ва шаҳри Душанбе наворбардорӣ шудааст.

Дар нақшҳои марказии филм Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев ҳунарнамоӣ кардаанд.

Дар филм манзараҳои зебои Тоҷикистон, аз ҷумла роҳҳои мошингард, рушди шаҳри Душанбе, табиати кӯҳистони водии Зарафшон, мавзеи кӯҳсори Муъминобод ва фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар сатҳи шоиста муаррифӣ карда шудаанд.

Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» то имрӯз дар 13 ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок намуда, ба дарёфти 9 ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ мушарраф гардидааст.

АКС аз бойгонӣ

Июль 20, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст