Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Кинофестивали VII байналмилалии «Дарвозаҳои ғарб» соҳиби Шоҳҷоиза шуд

Июль 27, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 27.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 26 июли соли 2026 дар шаҳри Пскови Федератсияи Русия Кинофестивали VII байналмилалии «Дарвозаҳои ғарб» доир гардид. Дар ин фестивал аз Тоҷикистон филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Эрон «Моҳӣ дар шаст» иштирок намуда, соҳиби Шоҳҷоиза шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти «Довфилм» хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар бахши озмунии филмҳои байналмилалии кинофестивал барои дарёфти Шоҳҷоиза 9 филм аз кишварҳои ҷаҳон манзури тамошобинон гардид. Дар маҷмуъ бо назардошти бахшҳои гуногуни кинофестивал 100 филм ба намоиш гузошта шуд.

Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» то имрӯз дар 14 ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок намуда, ба дарёфти 10 ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ мушарраф гардидааст.

Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» соли 2024 дар қаламрави Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст. Асар аз рӯзгори Далер –тарбиятгирандаи мактаб–интернат, ки барои пайдо кардани модараш ба сафари тӯлонӣ мебарояд, қисса мекунад.

Филм аз рӯйи филмномаи Бахтиёр Каримов бо коргардонии Муҳиддини Музаффар моҳҳои май-июни соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Айнӣ, Панҷакент, Муъминобод, Ваҳдат, Норак ва шаҳри Душанбе наворбардорӣ шудааст.

Дар нақшҳои марказии филм Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев ҳунарнамоӣ кардаанд.

Дар филм манзараҳои зебои Тоҷикистон, аз ҷумла роҳҳои мошингард, рушди шаҳри Душанбе, табиати кӯҳистони водии Зарафшон, мавзеи кӯҳсори Муъминобод ва фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар сатҳи шоиста муаррифӣ карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши ҷаҳонии филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии Шеленгели Олмон 3 октябри соли 2025 баргузор гардида буд.

АКС: Хадамоти матбуоти «Довфилм»

Июль 27, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст