Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон дар шаҳри Улан-Батор Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар кори форум, ки бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи миллии савдо ва саноати Муғулистон баргузор карда шуд, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои молиявӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳои пешбари ду кишвар иштирок намуда, масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, тавсеаи содироту воридот ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иброз намуд, ки баргузории Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистон қадами муҳим дар роҳи таҳкими муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ба ҳисоб рафта, барои рушди робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, табодули таҷриба ва ба роҳ мондани лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон бо назардошти сиёсати иқтисодии кушода, муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва иқтидори фаровони захираҳои табиӣ барои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, нассоҷӣ, логистика, сайёҳӣ ва иқтисоди «сабз» имконияти васеъ дорад.
Вазири озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон Тсагаанхуугийн Идербат изҳор намуд, ки Муғулистон ба густариши ҳамкории мутақобили судманд бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, омода аст ҳамкориро дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, чорводорӣ, саноати сабук, коркарди маҳсулот, тиҷорат, ҳамлу нақл ва дигар бахшҳои дорои манфиати муштарак тақвият бахшад.
Дар ҷараёни форум намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии ҳар ду кишвар рӯнамоии иқтидори иқтисодӣ, имконияти сармоягузорӣ ва афзалияти тиҷоратии Тоҷикистон ва Муғулистонро пешниҳод намуда, доир ба роҳҳои густариши ҳамкорӣ, ҷалби сармояи мустақим, таъсиси истеҳсолоти муштарак, рушди ҳамкории байниминтақавӣ ва таҳкими робитаҳои байни соҳибкорон мубодилаи афкор анҷом доданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои пайдо намудани шарикони нав, густариши муносибатҳои корӣ, афзоиши гардиши савдои мутақобил ва татбиқи ташаббусҳои муштараки иқтисодӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар доираи форум инчунин мулоқотҳои дуҷонибаи соҳибкорон дар қолаби B2B баргузор гардида, намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории мустақим, содироту воридоти маҳсулот, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва имконияти таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.
Дар анҷоми форум байни доираҳои соҳибкории ду кишвар якчанд санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки онҳо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, густариши ҳамкории соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ мусоидат мекунанд.
АКС: АМИТ «Ховар»













Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд






