Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 1,1 миллион мусофир хизмат расонидааст

Июль 11, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 11.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар нимсолаи якуми соли 2026 ба зиёда аз 1,1 миллион мусофир хизмат расонид, ки аз ин шумора 579 ҳазору 39 нафарро мусофирони омада ва 591 ҳазору 698 нафарро мусофирони рафта ташкил медиҳанд. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 132 ҳазору 227 мусофир ё 13 фоиз зиёд мебошад.

Тавре дар нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ ва сохторҳои авиатсионии мамлакат иттилоъ дода шуд, дар ин давра тавассути терминали боркашонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар нимсолаи якуми соли 2026 1 ҳазору 365 тонна бор ва почта қабул ва интиқол дода шудааст. Ин омор 207 тонна бори содиротӣ ва 1 ҳазору 158 тонна бори воридотиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 373 тонна ё 38 фоиз зиёд мебошад.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 18 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла «Флай Дубай»-и Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, «Туркиш Эйрлайнз»-и Туркия, «Чайна Саузерн Эйрлайнз», «Лонг Эйр»-и Чин, «Вориш Эйрлайнз», «Раймон Эйр», «Киш Эйр»-и Эрон, «Ҷазира Эйрвейз»-и Кувайт ва «АЗАЛ»-и Озарбойҷон, «Ют Эйр», « Уральские авиалинии», «Северный ветер», «Сибирь-S7»-и Федератсияи Русия, «Эйр Астана»-и Қазоқистон, «Узбекистан Эйрвейс» ва «Сентрум Эйр»-и Узбекистон ва 2 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ –«Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» анҷом дода мешаванд.

Дар ин давра шумораи умумии хатсайрҳои хизматрасонида 4 ҳазору 475 ададро ташкил дод. Аз ин шумора 4 ҳазору 161 ададро хатсайрҳои мунтазам ва 314 ададро хатсайрҳои чартерӣ ташкил додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2026 160 адад ё 3,7 фоиз зиёд мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад