Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Покистон баррасӣ шуд

Июль 25, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 25.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар доираи нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Чин, Қирғизистон ва Покистон мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот бо узви Шурои давлатӣ ва бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин, Мудири канселярии Комиссияи Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин оид ба корҳои хориҷӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чинро дар доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба баррасӣ намуда, оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мубодилаи афкор карданд.

Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жеенбек Кулубаев масъалаҳои рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ гардиданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба дурнамои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, барои идомаи таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Дар мулоқот бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Исҳоқ Дор ҷонибҳо атрофи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба, инчунин тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми мулоқотҳо ҷонибҳо барои густариши ҳамкории мутақобили судманд ва таҳкими минбаъдаи робитаҳо, бахусус дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, саноат, энергетика ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ибрози омодагӣ карданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 25, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид