Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн дар шаҳри Вашингтон вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро баррасӣ намуда, ба алоқаманди ба таҳкими минбаъдаи шарикии дуҷониба дар асоси эҳтироми мутақобила ва ҳамкории дарозмуддату судманд таъкид карданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориро мавриди муҳокима қарор дода, афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ширкатҳои амрикоиро ба лоиҳаҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд. Имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ ва иқтисоди рақамӣ низ таъкид гардид.
Сироҷиддин Муҳриддин ва Марко Рубио оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ низ мубодилаи афкор намуда, омодагиро барои идомаи ҳамкории бештар дар мубориза бо ифротгароӣ, терроризм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, инчунин таҳкими субот ва рушди устувори Осиёи Марказӣ таъкид намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд






