Густариши ҳамкории Тоҷикистону Бангладеш дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд

Июль 8, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл дар шаҳри Дакка мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Бангладеш дар ҳавзаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷадаб Дебназ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҷалби сармоягузорони Бангладеш ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон, афзоиш додани ҳаҷми гардиши савдои мутақобила байни ду мамлакат, инчунин баргузории форумҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳҳои маҳсулоти нассоҷӣ ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба имконияти густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон барои иштирок дар машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш дар шаҳри Дакка қарор дорад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 8, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд