«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» ба ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд

Июль 7, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 07.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» таҳия гардид. Харита аз оғоз то анҷоми шӯришро фаро гирифта, доир ба деҳаҳою мавзеъҳои таърихӣ маълумоти мушаххас медиҳад. Дар ин хусус 6 июл зимни нишасти матбуотии Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Дар нишаст изҳор гардид, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувони вилояти Хатлон баён гардиданд, барои таҳияи «Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» гурӯҳи корӣ таъсис ёфт. Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо ҷалби олимони соҳавӣ ташкил гардида, корро дар ин самт ба роҳ монданд.

««Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» ба шиносоӣ бо ҳаёт ва зиндагии мардуми ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба миллат ва фарҳангу тамаддуни он, шиносоӣ бо дастовардҳои замони истиқлолият дар ин ноҳияҳо, инчунин боз ҳам устувор гардидани ваҳдати миллӣ, ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба диёри зебоманзари Ховалингу Балҷувон мусоидат менамояд,-гуфта шуд дар ҳамоиш.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 7, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад